Тоҷикистон ҷонибдори ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мебошад

Нимаи дуюми рӯзи 3 август дар бинои Палатаи савдои ИМА бо иштироки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва доираи васеи соҳибкорони ИМА мизи мудаввари тиҷоратӣ дар мавзӯи «Рушди имкониятҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш ҳамкории минтақавии иқтисодӣ, ҷалби сармояи мустақими ИМА ба минтақаи Осиёи Марказӣ, бартараф намудани монеаҳо ва рушди тиҷорат дар Осиёи Марказӣ муҳокима гардиданд.
Роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов доир ба се ҳадафи стратегии кишвар суханронӣ намуда, иброз дошт: «Тоҷикистон ҷонибдори ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ, рушди тиҷорат дар минтақа бо истифода аз зарфиятҳои мавҷудбуда мебошад».
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон таъмини пешрафти соҳаи соҳибкориро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ муайян намуда, барои фароҳам овардани муҳити солими сармоягузорӣ тамоми чораҳоро андешида истодааст.

Tags: