Кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон зимни як ҳамоиш бори дигар бо муҳимтарин нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинос гардиданд.
Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Абдусалом Мирализода роҷеъ ба муҳимтарин бахшҳои Паём ибрози назар намуда, аз ҷумла, гуфт, ки “мардуми шарифи Тоҷикистон ба анъанаи солҳо роиҷи Паёми Пешвои миллат одат кардаанд ва дар поёни ҳар сол мунтазир мешаванд, ки Пешвои миллат чӣ тарҳҳои наверо барои соли оянда пешниҳод мекунанд. Паём барномаи комили рушди ҷомеаи мадании ҷумҳурӣ, тавсеаи иқтисод, камолоти фарҳангу тамаддуни кишвар ва тарҳи шоистаи муносибат бо олами хориҷ ва бархӯрд бо чолишҳои минтақавиву ҷаҳонист”.
Директори Китобхонаи миллӣ ҳамчунин иброз дошт, ки “Наврӯзи имсола оғози ташаббуси нави ҷаҳонии мамлакат бо номи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 аст. Вобаста ба ин, дар мамолики гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла, дар Тоҷикистон чорабиниҳои муҳим баргузор мешаванд. Тоҷикистон бо вуҷуди он ки ватани обҳои ширин аст ва мушкили об камтар дорад, вале бо дарки масъулият пеши аҳли башар мушкилоти об дар ояндаи наздикро дарк мекунад ва ташаббускори чандин иқдомоти байналмилалӣ барои ҷалби таваҷҷуҳи оламиён ба об аст. Имсол ҳамчунин Тоҷикистон мизбони ҷаласаи сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай хоҳад буд”.
Ба андешаи профессор Абдусалом Мирализода, як бахши муҳими Паёми имсолаи Пешвои миллат ба рушди фарҳанг равона гардида буд. Президенти муҳтарам иброз доштанд, ки «тамоюли ҷаҳонишавии фарҳанг ба яке аз проблемаҳои глобалии асри XXI табдил ёфта, талабот нисбат ба сатҳи маънавиёти инсон, тарбия ва ташаккули наслҳое, ки вазифаҳои азими бунёди ҷомеаи навин дар даврони соҳибистиқлолии миллати тоҷик ба зиммаи онҳо гузошта хоҳад шуд, торафт меафзояд».
Пешвои миллат мақсаду вазифаҳои фарҳангро дар ташаккули маънавиёт, омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқи тоҷик, баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ мебинанд. Сарвари давлат хотиррасон намуданд, ки дар ин даҳ соли гузашта Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушди фарҳанги мамлакат корҳои азимеро ба сомон расонд ва бунёди Китобхонаи миллӣ ва Осорхонаи миллиро аз ҷумлаи ҳамин корҳои азим ҳисобида, ёдрас шуданд, ки дар ин муддат ду театри академӣ аз таъмир бароварда шудаву ҳоло дар мамлакат зиёда аз 20 театр ва қасру марказҳои муосиру муҷаҳҳази фарҳангӣ ба истифода дода шудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём масъалаи рушди сайёҳӣ дар мамлакатро ҷиддан ба миён гузоштанд. Тоҷикистон кишварест, ки зарфиятҳои истифоданашудаи ҷаҳонгардӣ дорад. Манзараҳои дилрабо, табиати дилкаш, обҳои шифобахшу чашмаҳои равон, кӯҳҳои азиму ёдгориҳои бостониаш, бешак, муҷиби ҷалби ҷаҳонгардон аст ва зарур аст, ки ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода шавад. Ҳамасола барои тараққии ин соҳа барномаҳои зиёде амалӣ мешаванд ва бо мақсади рушди соҳа Пешвои миллат соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд.
Дар идомаи ҳамоиш кормандони Китобхонаи миллӣ сухан гуфта, Паёми Пешвои миллатро ояндасоз, барномаи комили пешрафти ҳаёти ҷомеа ва таҳкурсии боэътимоди рушди устувор номиданд.
АМИТ "Ховар"