ТВТ.20.08.2022. 19-уми август дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон маросими ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии боғҳои фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони «Гулзори маърифат» баргузор гардид, ки Шоҳҷоизаи озмунро Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе сазовор шуд. Инчунин боғҳои фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Дӯстӣ, «Темурмалик»-и шаҳри Гулистон сазовори ҷои якум гардида, бо Диплом ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат.
Тибқи хулосаи ҳакамони озмун, боғҳои фарҳангию фароғатии ноҳияи Дарвоз, ноҳияи Данғара ва шаҳри Ваҳдат сазовори ҷои дуюм, боғҳои фарҳангӣ-фароғатии ба номи С. Айнии шаҳри Душанбе, ноҳияи Рашт, Сайфуддини Исфарангии шаҳри Исфара ва шаҳри Турсунзода сазовори ҷои сеюм дониста шуда, бо Диплом ва мукофоти пулӣ мукофотонида шуданд.
Зимни маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷамъбастии озмун муовини Вазири фарҳанг Давлат Сафарзода, роҳбарони боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва кормандони вазорат иштирок намуданд.
Озмуни ҷумҳуриявии боғҳои фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони «Гулзори маърифат» бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади иҷрои банди 19 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021 тасдиқ шудааст, моҳҳои май-август дар миқёси ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Дар озмун 93 боғи фарҳангию фароғатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок карда, тибқи хулосаи ҳайати ҳакамон, 20 боғи фарҳангию фароғатӣ ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Ҳамчунин барои иштироки фаъолона боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Ҳисор, «Тус»-и ноҳияи Шаҳритус, «Хуталон»-и шаҳри Кӯлоб, Низомиддин Мир Алишери Навоии шаҳри Душанбе, «Устод Рӯдакӣ»-и шаҳри Душанбе, Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб, Садриддин Айнии шаҳри Бӯстон, «Боғи тиллоӣ»-и шаҳри Панҷакент, Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо Диплом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»