ТВТ, 28.05.2022 27 май дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бахшида ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» (Душанбе, 6-9 июни соли 2022) бо иштироки роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявии муқими Душанбе, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма брифинг доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар брифинг роҳбари котиботи Конфронс Султон Раҳимзода чорабиниҳои марбут ба Конфронси дуюми Душанбе, аз ҷумла ҳадафҳои асосии он, раванди омодагӣ ба баргузории нишастҳои умумӣ, панелҳои интерактивию шарикӣ, форумҳои махсуси гурӯҳҳои минтақавию асосӣ, Намоишгоҳи байналмилалии «Об барои рушди устувор», Фестивали оби Душанбе, Марафони ҷаҳонии об, намоиши «Ҳақиқати виртуалӣ» дар мавзӯи «Таҷрибаи Тоҷикистон дар соҳаи об», боздид аз мавзеъҳои сайёҳиву таърихии кишвар, дигар анҷуманҳои қабл аз конфронс ва масъалаҳои мавриди назарро муаррифӣ кард.
Таъкид гардид, ки дар айни замон дар Вазорати корҳои хориҷӣ дар баробари Котиботи Конфронси дуюми Душанбе, инчунин Ситоди тадорукотию ташрифотӣ ва логистикии Вазорат низ фаъолият мекунад.
Барои иштирок дар Конфронси дуюми Душанбе беш аз 2000 нафар намояндагони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, донишкадаҳо, ҷамоатҳои маҳаллӣ ва дигар ҷонибҳои алоқаманд ҷиҳати иштирок номнавис шудаанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»