Дар Тоҷикистон ҷазо барои таблиғоти терроризм пурзӯр карда шуд

Тавре қаблан иттилоъ додем, 4 августи соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи тағйиру иловаҳоро ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷазоро барои бо истифода аз интернет ба амал овардани даъвати оммавӣ ҷиҳати содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва (ё) сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ пурзӯр мекунад, ба имзо расониданд.

Тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ворид карда шуданд.

Зери мафҳуми «сафедкунии фаъолияти террористӣ» дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳороти оммавӣ оид ба дастгирии амалҳои террористӣ ва  дастгрии ин идеология фаҳмида мешавад.

Баъди нашри Кодекси ҷиноятӣ дар таҳрири нав барои даъвати оммавӣ ба фаъолияти террористӣ ва (ё) сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 10 то 15 сол пешбинӣ шудааст.

Чанде пеш, лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятиро вакилони палатаи поёнӣ ва аъзои палатаи болоии Парлумони ҶТ ҷонибдорӣ ва тасдиқ намуданд.

Тавре зимни муаррифии лоиҳаи тағйиру иловаҳо дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ вакили МН  Бахтовар Сафаров зикр кард, таҷрибаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нишон медиҳад, ки барои баъзе аз корбарон шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо (мессенҷерҳо)  ба  майдони таблиғоти терроризм ва фаъолияти террористӣ мубаддал гаштаанд.

Дар таҷрибаи судии Тоҷикистон чанд ҳолате буд, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоиро барои гузоштани «лайк» ё «класс» зери маводҳо террористӣ ва ё такроран интишор (яъне ба истилоҳ «репост») кардани  паёмҳои ташкилотҳо ва ҳаракатҳои фаъолияташон дар ҷумҳурӣ мамнӯъ паси панҷара равон мекарданд.

Мувофиқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, бисёре аз тоҷиконе, ки ба Шарқи Наздик рафта, ба сафи ифротиён, аз ҷумла «Давлати исломӣ»* пайвастаанд, маҳз тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷалб гардидаанд.

Бояд зикр кард, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кодекси ҷиноятиро дар таҳрири нав баъди 5 рӯзи ҳамлаи хунуни гурӯҳи ҷавонон ба сайёҳони велосипедрони хориҷӣ дар ҷануби Тоҷикистон ба имзо расониданд. Ҷинояти мазкур ҳамчун амали террористие, ки аз ҷониби аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯи  Ҳизби наҳзат* содир шудааст, эътироф гардид.

АМИТ«Ховар»