«Танҳо дар зарфи шаш моҳи соли равон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 135 давлати ҷаҳон сайёҳон ташриф овардаанд, ки ин раванд аз рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчун сарзамини дорои имконият ва захираҳои бои туристӣ будани кишварамон шаҳодат медиҳад».
Ин нуктаро зимни ифтитоҳи ҷаласаи навбатии Шӯрои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ оид ба сайёҳӣ, ки имрӯз дар Душанбе –пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода баён кард.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Маъмурзода доир ба иқдомҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди сайёҳӣ ибрози назар кард. Зикр шуд, ки маҳз бо саъю талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат беш аз пеш бахши сайёҳӣ густариш меёбад.
Далели ин таъсиси сохтори соҳавӣ — Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон намудани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад. Ҳамзамон дар Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии танзимкунандаи бахши сайёҳӣ таҳия ва қабул гардиданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» ва Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон барои то соли 2030 аз ҳамин қабил аст.
Зикр шуд, ки дар Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби сайёҳони хориҷӣ тамоми шароитҳо – инфрасохтори сайёҳӣ фароҳам оварда шудаааст. Дар кишвар беш аз сад ширкати сайёҳӣ, чор фурудгоҳи байналмилалӣ, ду ширкати ҳавопаймоии миллӣ, 170 меҳмонхонаи ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ фаъолият доранд, ки ба рушди бахши сайёҳӣ мусоидат менамоянд.
Ҳамзамон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи панҷ соли аввали фаъолияташон аз андози фоида озод кардани ширкатҳои навтаъсиси сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва маводи сохтмони иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла, меҳмонхона, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои табобатӣ, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ, ба андозаи 50 фоиз коҳиш додани меъёри пардохтҳои гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нави сабукрав, низоми содакардашудаи раводид барои шаҳрвандони 80 давлати хориҷӣ аз муҳимтарин тадбирҳоеанд, ки барои рушди бемайлони соҳаи сайёҳӣ замина мегузоранд.
Иштирокдорони ҷаласаи навбатии Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ маҷмӯи масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории кишварҳои ИДМ –ро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, иҷрои нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2018-2020 барои татбиқи Стратегияи рушди ҳамкории кишварҳои ИДМ дар соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2018-2020, рушди ташкили саёҳати кӯдакону ҷавонон, таҳкими ҳамкории кишварҳои аъзо дар самти омода намудани роҳбаладон, таҳкими сохтори интитутсионалии идоракунии бахши туризм, ҳамзамон тадбирҳо ҷиҳати тақвияти ҷараёни интиқоли сайёҳон дар бозори дохилии сайёҳии кишварҳои ИДМ, талошҳо барои таҳияи маҳсулоти туристӣ ва пешкаши бозори сайёҳӣ гардонидани он матраҳ гардид.
Ҳамзамон иштирокдорони ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ ролики тарғиботӣ, ки ба захира ва имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд, тамошо намуданд.
Инчунин роҳбарон ва намояндагони сохторҳои сайёҳии ИДМ аз маконҳои сайёҳӣ ва фарҳангии шаҳри Душанбе, назири Боғи устод Рӯдакӣ, Боғи Парчами миллӣ, Нишони давлатӣ, «Кохи Наврӯз», бозори «Меҳргон» боздид менамоянд. Ҳамзамон 11 август итштирокдорони ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ ба шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода сафар намуда, аз Қалъаи бостонии Ҳисор ва боғи ангур дидан менамоянд.
Бори аввал дар Душанбе доир гардидани ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ дар Соли руши сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ рамзӣ буда, он дар тавсеаи ҳамкории кишварҳои Иттиҳод дар самти рушди сайёҳӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Бояд тазаккур дод, ки дар доираи баргузории ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ рӯзҳои 11-12 августи соли равон бо ташаббуси Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Шӯрои агентиҳои иттилоотии давлатии кишварҳои аъзои ИДМ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сайру сайёҳат — пресс-тур ба маконҳои таърихию фарҳангии шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Турсунзода пешбинӣ шудааст.
Дар он иштироки намояндагон-хабарнигорони агентиҳои иттилоотии давлатии ИДМ, ИТАР-ТАСС, АБИ «КАЗИНФОРМ», АМИҚ «Кабар», АМИӮ «УзА» пешбинӣ шудааст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»