Аз 1 декабри соли 2017 дар ШСХК «Барқи Тоҷик» телефонҳои боварӣ ба кор шурӯъ карданд.
Аз маркази матбуоти ин ниҳод хабар доданд, ки навбатдорони телефонҳои боварӣ, ки ба таври шабонарўзӣ кор мекунанд, ҳар занги телефониро ба қайд мегиранд, ҳар ҳодисаи қатъ шудани барқро дар сар то сари кишвар оҷилона ба танзимгарон ва масъулони таъминоти барқи Хадамоти марказии таъмини барқи Ширкат ва шабакаҳои барқии минтақаҳо мерасонанд ва бобати ислоҳи онҳо сари вақт тадбирҳои амалӣ меандешанд. Фаъолияти навбатдорон ва тадбирҳои андешидаи масъулон дар ин бобат ҳар пагоҳӣ дар назди раиси ширкат баррасӣ мегардад.
Инчунин ҳар як муштарии барқ метавонад тавассути ин телефонҳо бо ШСХК «Барқи Тоҷик» дар тамос шавад ва дар бораи ҳодисаҳои истифодаи ғайриқонунии барқ, ки амалан ғорати як қисмати ҳаққи рўшноиву гармии тамоми ҷомеа аст, ба кормандони ширкат маълумот диҳад.
Ҳамкорӣ бо ШСХК «Барқи Тоҷик» тавассути телефонҳои боварӣ ба манфиати ҳар як шахс ва тамоми ҷомеа мебошад. Дар зер рақамҳои телефонҳои боварии ШСХК «Барқи Тоҷик»-ро пешниҳод менамоем:
235-86-74; 235-86-84; 610-60-50
АМИТ "Ховар"