Бонки миллии Тоҷикистон омода аст бо Агентии «Ҷайка»-и Ҷопон ҳамкорӣ намояд

Бонки миллии Тоҷикистон ба намояндагии Агентии «Ҷайка» (JICA)-и Ҷопон дар хусуси самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ муроҷиат намудааст ва ҳамеша барои рушди ҳамкории дуҷонибаи судманд омода аст. Ин нуктаро Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни мулоқот бо Ҳидеки Танабе, роҳбари тозаинтихоби Агентии «Ҷайка»-и Ҷопон баён дошт. Дар ин бора аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот ҳамзамон вазъи феълии низоми бонкии кишвар ва навоварию ислоҳот дар Бонки миллии Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Ҷ.Нурмаҳмадзода аз дастгирии Агентии «Ҷайка»-и Ҷопон дар самти омӯзиши мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи JDS («Барномаи бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди иқтидори захираҳои инсонӣ») дар риштаи иқтисод изҳори миннатдорӣ намуда, барои тавсеа бахшидани ин раванд ҷиҳати зиёд намудани бурсияҳои таълимӣ изҳори умед намуд.
Ҷ. Нурмаҳмадзода зикр намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахши омода намудани мутахассисон, табодули таҷриба ва ҷалби кумакҳои техникӣ дар самти низоми бонкӣ ҳавасманд мебошад.
Дар мулоқот Ҳидеки Танабе, роҳбари тозаинтихоби Агентии «Ҷайка»-и Ҷопон барои рушди ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки зикршуда, аз ҷумла расонидани кумаки техникӣ дар самти такмили мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон дар риштаҳои таҳлил ва пешгирии хавфҳо, сиёсати монетарӣ, макроиқтисодӣ ва амсоли инҳо изҳори омодагӣ намуд.

АМИТ "Ховар"