Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Мудири кулли Бунёди фарҳангии «Катара» доктор Холид Иброҳим ал-Сулайтӣ 26 феврали соли 2018 мулоқот намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни суҳбат масъалаҳои таҳкими минбаъдаи робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Қатар ва роҳҳои васеъ шинос намудани мардумони ду мамлакат бо иқтидори сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ баррасӣ шуданд. Дар ин росто барои баргузории чорабиниҳои мухталиф дар шаҳраки фарҳангии «Катара» бо мақсади муаррифии Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон ва ба ин муносибат дар Давҳа баргузор намудани намоишгоҳи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин барномаҳои консертии гурӯҳҳои фолклории Тоҷикистон алоқамандии мутақобил таъкид гардид.
АМИТ "Ховар"