17 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Муовини раиси Девони вазирон — Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов мулоқот намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарию фарҳангӣ, инчунин ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон зимни мулоқот табодули ёддоштҳои ратификатсионӣ оид ба Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон сурат гирифт.
АМИТ "Ховар"