Имсол ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар сатҳи баланд дар шаҳри Норак таҷлил карда мешавад.
Тибқи иттилои масъулин, имрӯзҳо аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Ваҳдат», «Молия», «Ориёнбонк» ва «Нурофарон» дар корҳои ободониву бунёдкории шаҳр фаъолона иштирок доранд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Қумриниссо Гулмуродзода гуфт, ки «мо қабл аз роҳандозии ободкориҳо бо аъзою сокинони шаҳр вохӯрӣ намуда, оид ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон ва ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ободиву шукуфоии Ватан, аҳамияти ҷашни Наврӯзи аҷам дар сатҳи ҷаҳонӣ сухан гуфтем. Ҳамзамон сокинону ҷавонони фаъоли шаҳрро ба бунёдкориву созандагӣ ҷалб намудем».
Дар ин рӯзҳо аъзои ҲХДТ дар шаҳри Норак ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ҷашни пурифтихори Наврӯзи байналмилалӣ шаҳрро аз партовҳои сахти маишӣ тоза намуда, маркази онро бо гулҳои рангоранг оро дода истодаанд.
АМИТ «Ховар»