25 ноябр дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари Агентии ташвиқи сармоягузорӣ ва тиҷорати Корея (KOTRA) Пюнг-о Квон мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба ҷалби сармоя, афзун намудани тиҷорати дуҷониба, таъсиси Дафтари KOTRA дар Душанбе, инчунин роҳҳои таҳким ва рушди ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни ду кишвар табодули афкор намуданд.
Аз ҷониби Тоҷикистон даъват гардид, то ҳузури доираҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратии кореӣ дар кишвар фаъолтар гардида, ба манзури таҳкими робитаҳои корӣ ҷиҳати рушди ҳамкорӣ дар бахши тиҷорат ва минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон санадҳои ҳамкории зарурӣ ба имзо расонида шаванд.
МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:
KOTRA ташкилоти давлатии ғайритиҷоратиест, ки аз ҷониби ҳукумати Корея 21 июни соли 1962 таъсис ёфтааст. Ҳадафи он рушди тиҷорат байни Корея ва дигар кишварҳо мебошад. Зиёда аз 58 сол, KOTRA ба ширкатҳои манфиатдори тамоми ҷаҳон кумак мекунад, ки муносибатҳои тиҷоратиро бо Ҷумҳурии Корея рушд диҳанд.
KOTRA барои самаранок иҷро кардани вазифаҳои худ шабакаи васеи намояндагиҳои хориҷӣ таъсис додааст. Дар айни замон дар 84 давлати ҷаҳон 127 намояндагӣ дорад.
Имрӯз KOTRA фаъолияти худро на танҳо дар соҳаи савдои байналмилалӣ, балки дар соҳаи сармоягузорӣ низ ба роҳ мондааст.
АМИТ «Ховар»