Бо мақсади мушоҳидаи раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки 156 нафар мушоҳидони байналмилалӣ дар назар аст, ки аксари онҳо аллакай фаъолияти худро дар ин самт оғоз намуданд.
Имрӯз Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР) Бахтиёр Худоёрзода муовини роҳбари ҳайати мушоҳидон аз Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Бурутинро ба ҳузур пазируфт. Дар рафти мулоқот мушоҳидон аз омодагии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарзи ташкили кор изҳори қаноатмандӣ карданд.
Раиси КМИР имрӯз инчунин бо раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мирзо–Улуғбек Абдусаломов мулоқот кард. Ҳайати мушоҳидон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ташкили раванди интихобот, чораҳои андешидашудаи беҳдоштӣ дар ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ баҳои баланд дода, дар баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ мувафаққият орзу намуданд.
Бахтиёр Худоёрзода имрӯз ҳайати мушоҳидон аз Иттиҳоди байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии ИДМ-ро низ, ки бо мақсади мушоҳидаи раванди интихобот дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфт. Роҳбари ҳайати мушоҳидон Олег Мелниченко, раиси Кумитаи Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Россия, ҳангоми мулоқот иброз дошт, ки КМИР ҶТ дар самти тайёрӣ ва баргузор намудани интихоботи дар пешистода омодагии ҷиддӣ дидааст. Номбурда вобаста ба омодагии ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ низ изҳори қаноатмандӣ намуд. Дар мулоқот котиби Генералии Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии ИДМ Дмитрий Кобитский ва роҳбари котиботи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок доштанд.
Имрӯз мулоқоти Раиси КМИР ҶТ бо ҳайати мушоҳидон аз Комиссияи марказии интихоботи Федератсияи Россия низ баргузор гардид, ки дар рафти он оид ба масъалаҳои омодагӣ ба интихобот ва дигар мавзӯъҳои вобаста ба он табодули назар карда шуд.
Дар баробари ин Раиси КМИР ҶТ имрӯз намояндагонро аз Комиссияи мустақили интихоботии Ҷумҳурии Афғонистон низ ба ҳузур пазируфт. Ҳайати мазкур назари худро дар бораи тартиби ташкили раванди интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд.
АМИТ «Ховар»