Паҳлавони ҷавони тоҷик Ёқубҷон Назиров 14-15 апрел дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо миёни ҷавонон иштирок намуда, соҳиби медали тилло гардид.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Ёқубҷон дар вазни -90 кг дар даври муқаддамотӣ ҳарифонаш Деймон де Вос (Голландия) ва Имеда Гоголадзе (Грузия)-ро мағлуб карда, ба нимфинал роҳ ёфт. Дар нимфинал Санширо Мурао аз Япония ва дар финал варзишгари дигари голландӣ Том Бонешанскарро шикаст дода, медали тиллои мусобиқаро ба даст овард.
Бояд зикр кард, ки дар мусобиқаи мазкур 259 варзишгар аз 16 давлати ҷаҳон иштирок карданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар баробари Ёқубҷон Назиров 7 варзишгари дигар — Мулораҷаб Халифаев, Суруш Тавакалов (-66 кг), Сомон Маҳмадбеков, Хайёмиддин Ҷабборов (-73 кг), Хушвақт Идиев, Файзалӣ Маҳмадов (-81 кг) ва Темур Маҳмадов (-90 кг) намояндагӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳисоби даставӣ дастаи мунтахаби Россия бо 8 медали тилло, 4 нуқра ва 16 биринҷӣ сазовори ҷойи аввал гардид. Дастаи мунтахаби Япония бо 5 медали тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ ҷойи дуюм, дастаи мунтахаби Озарбойҷон бо 1 медали тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ ҷойи сеюмро ишғол карданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 1 медали тилло ва 1 ҷои ҳафтум дар мақоми панҷум ҷой гирифт.
АМИТ "Ховар"