Истифодаи усулҳои нави рушди хоҷагии қишлоқ, аз ҷумла истифодаи самараноки захираҳои обию барқӣ мавзӯи асосии вохӯрии намояндагони бонки «Эсхата» бо раисони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Спитамен гардид.
Дар вохӯрии мазкур муаррифии роҳҳои инноватсионии бурдани корҳои кишоварзӣ, дар бораи афзалиятҳои намудҳои нав, технологияи насби он, роҳҳои ҷорӣ намудани онҳо, шартҳои маблағгузорӣ муҳокима гардиданд
Дар вохӯрӣ Шуҳрат Усмонов, ҳамоҳангсози агроқарзҳои бонки «Эсхата» ва Умаралӣ Умаров, директори филиали ноҳияи Спитамен ба 35 нафар раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ роҳҳои беҳтарин ва усулҳои нави истифодаи обу замин ва натиҷаҳои онро фаҳмониданд.
Бонки «Эсхата» маблағҳои қарзиро барои рушди кишоварзӣ бо шартҳои осон пешниҳод мекунад. Барои он ки деҳқонон ҳосили хубу дилхоҳ ба даст оранд, бонк ҳам аз ҷиҳати молиявӣ, техникӣ ва машваратӣ кумак расонида, дар ин кор онҳоро ташкилоти Сароб ва намояндагони лоиҳаи Климадапт ҳамраҳӣ мекунанд.
Ноҳияи Спитамен яке аз ноҳияҳои аграрии вилояти Суғд маҳсуб шуда, деҳқонон асосан ба чорводорӣ, боғпарварӣ ва растанипарварӣ машғул мебошанд. Иштирокчиён зимни мулоқот зикр намуданд, ки шарту шароити барномаи мазкур осон буда, онҳо ният доранд дар ҳамкорӣ бо бонки «Эсхата» роҳҳои инноватсионии идоракунии обу замин ва қувваи барқро ҷорӣ намоянд.
АМИТ «Ховар»