Ванҷ

Дар остонаи иди Наврӯз дар ноҳияи Ванҷ боз як неругоҳи барқӣ ба истифода шуд

Шодию хурсандии сокинони ҷамоати деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ имрӯзҳо ҳадду  канор надорад. Соли гузашта бар асари ҷорӣ шудани сел шабакаи обрасонию дастгоҳҳои барқии  неругоҳи хурди Техарв комилан хароб гардиданд ва акнун баъди як соли таъмиру таҷдид зиёда аз 600 хонаводаи водии Ванҷи боло дуюмбора соҳиби неруи барқ шуданд.