18 январи соли 2018 дар Қароргоҳи СММ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш доир гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои умдаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва СММ, аз ҷумла, масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устуворро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни суҳбат ҳамчунин Конфронси байналмилалӣ оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ки моҳи июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
АМИТ "Ховар"