Аз 23 июл то 1 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Тифлиси Ҷумҳурии Гурҷистон Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни кимиё дар байни 90 давлати дунё баргузор гардид, ки дар он дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзид.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро 5 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар Фаррухҷон Баротов, Азиз Ахмедов, Рамазон Зиёев, Насимҷон Шамсуддинов ва Маҷид Иномов муаррифӣ намуданд.
Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар олимпиада ду нафар хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар Фаррухҷон Баротов ва Азиз Ахмедов сазовори ҷои сеюм гардида, Парчами Тоҷикистонро баланд бардоштанд. Иштироки мунтазам ва дастовардҳои назарраси хонандагон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ба онҳо имкон дод, ки дар олимпиадаи ҷаҳонӣ ширкати фаъолона намуда, ғолибиятро ба даст оранд.
Бино ба иттилои манбаъ, даври интихобии ин олимпиадаро Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар шаҳри Душанбе марҳила ба марҳила баргузор намуда, аз байни зиёда аз 100 нафар хонандагони беҳтарини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо бартарияти холҳои бадастовардашуда аз фанни кимиё як даста муайян карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки аз аввали сол инҷониб хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, ки дар Қазоқистон, Ҳолланд, Гурҷистон, Руминия, Гонконг, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Федератсияи Русия, Ветнам ва Швейтсария баргузор гардиданд, сазовори 108 медал, 19 ҷои якум, 32 ҷои дуюм ва 59 ҷои сеюм гардиданд.