Дирӯз вохӯрии муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Умарзода бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар доданд, дар вохӯрӣ муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ Мансур Бухоризода, муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Фарҳод Худоёров, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сино Муқаддас Носирзода ва директорони мактабҳо иштирок доштанд.
Икром Умарзода изҳор намуд, ки таълиму тарбия, аз худ намудани донишу маърифат ва касбу ҳунар аз масъалаҳои асосӣ дар назди мактаббачагон ва донишҷӯёни мактабҳои кишвар ба ҳисоб рафта, роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат дар назди сохторҳои дахлдор, бахусус мактабу маориф, волидон ва ҷомеа вазифа гузоштааст, ки ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ ва ҳаматарафа дода шавад. «Риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳар як падару модарро водор месозад, ки уҳдадориҳои худро нисбат ба тарбияи фарзандони наврасу ноболиғи худ хуб ба ҷо оварда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбута пеши роҳи ҳама гуна кирдору амалҳои номатлуби онҳоро бигиранд»,-гуфт мавсуф.
Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ оид ба донишандӯзӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ, ҳамчунин иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз он ибрози андеша намуд.
Дар вохӯрӣ иштирокчиён ҷиҳати пешгирии қонуншиканӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ақидаҳои худро иброз дошта, баҳри хуб ба роҳ мондани таълиму тарбия, интизоми намунавӣ, бо баҳои хубу аъло таҳсил намудан ва иштироки фаъолонаи хонандагон дар корҳои ҷамъиятӣ пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.
АМИТ "Ховар"