COVID-19. Доир ба баррасии лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба коронавирус дар Тоҷикистон (TEC-19) вохӯрӣ доир гардид

Бо мақсади арзёбии самаранокии татбиқи лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба COVID-19 дар Тоҷикистон (TEC-19), пешниҳоди хулосаи объективӣ ва таҳияи тавсияҳо оид ба минбаъд беҳтар намудани сифати фаъолияти лоиҳаи мазкур вохӯрии намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дафтари Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба COVID-19 дар Тоҷикистон (ТЕС-19) бо намояндагони Маркази тадқиқотӣ-таҳлилии «Зеркало», ки ҳамчун мониторинги тарафи сеюм (МТС) ҷалб карда шудааст, баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар доданд, мақсади вохӯрӣ- ин муҳокимаи натиҷаҳои бадастовардаи кории гурӯҳи мониторинги тарафи сеюм (МТС) ва ҳамчунин таъсиси Гурӯҳи кории муштарак мебошад, ки бояд бо иштироки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи ТЕС-19 ва «Зеркало» дар таҳияи минбаъдаи механизми фарогирӣ ва иртибот ба ҷомеа фаъолият барад ва вокунишро ба саволҳои муҳимтарини сокинон нисбат ба сирояти коронавирус пешниҳод намояд.

Иштирокчиён чораҳои минбаъдаи муштарак ва роҳҳои беҳтар кардани ҳамкорӣ бо мардуми кишварро дар мубориза бар зидди сирояти коронавирус баррасӣ карданд.

Дар айни замон веб-сайти covid.zerkalo.tj таъсис дода шудааст, ки дар он хабарҳо оид ба ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гурӯҳи татбиқи лоиҳа ва мониторинги сеюм ҷой дода мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: