Дар Норак бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мулоқот доир гардид

Дар маркази шаҳри Норак бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019», вобаста  ба  тақвияти  корҳои  фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, ҳамзамон тарғибу ташвиқ ва татбиқи  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  бо иштироки судяҳои Суди Олӣ Зафар Азиззода, Маҳмадҷон Оймаҳмадзода ва Шамс  Азизӣ вохӯрӣ   доир гардид. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳр Ҳабиба Сафарова иттилоъ дод.

Дар  ҷамъомад  намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони деҳаҳо, имомхатибон, фаъолони корхонаву муассисаҳо иштирок карданд.

Меҳмонон  роҷеъ ба зарурати қабули қонунҳои мазкур, инчунин  ворид  намудани  тағйиру  иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ», Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, ба саволҳои сокинон ҷавоб гуфтанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: