Ифтитоҳи кӯдакистони Табассум дар шаҳри Ҳисор

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор дар расми ифтитоҳи Кӯдакистони «Табассум» иштирок карданд.

Дар ин ҷо ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки кӯдакистони мазкур имкон дорад ҳамарӯза 220 нафарро ба таълиму тарбия фаро гирад, ки ин раванд ҳадафҳои давлату ҳукумати кишварро дар самти бештару беҳтар фаро гирифтани кӯдакон дар зинаи аввали таълиму тарбия пиёда месозад.

Муассисаи томактабии «Табассум» дар шаҳри Ҳисор аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Темур Алиев бунёд гардида, дорои беҳтарин шароити таълиму тарбия мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2015 оғоз гардида, соли 2016 бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ ба анҷом расонда шудааст. Бинои наву замонавии боғчаи бачагона дар шаҳри Ҳисор бо маблағи умумии 2 миллиону 300 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбияи кӯдакон дар Кӯдакистони «Табассум» ба корҳои сохтмонӣ ва шароитҳои ин муассиса баҳои баланд доданд. Ҳамзамон ин муассисаи томактабиро туҳфаи арзанда дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони шаҳри Ҳисор арзёбӣ карданд.

Бо ифтитоҳи ин муассисаи томактабӣ 40 нафар сокини шаҳр имкон пайдо карданд, ки бо ҷойи кор ва маоши то 1200 сомонӣ таъмин гарданд. Бояд гуфт, ки Кӯдакистони «Табассум» аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати умумии 3 ҳазору 991 метри мураббаъ бунёд ёфтааст. Дар ин муассисаи томактабӣ тамоми асбобу анҷом барои хониш, машғулиятҳои гуногун ва буду боши кӯдакон муҳайё карда шудааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ин муассиса омӯзиш ба се забон: тоҷикӣ русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Боғчаи «Табассум» аз 14 синфхона, 2 толори варзишӣ ва майдончаи варзишӣ, толори мусиқӣ, толори рассомӣ, ҳуҷраи тиббӣ ва ошхона, инчунин 5 айвонча иборат буда, тибқи лоиҳаи ҶДММ «Сармоя -Лоиҳа» бунёд ёфтааст.

Пешвои миллат аз тарбиятгарон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз чунин шароит кудаконро дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намоянд, то ки ин насл дар оянда созандагони Ватани худ бошанд.