Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҷамоати деҳоти Калинин бо фаъолияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи парваришгоҳи «Моҳии хушзот» шинос шуданд.
Ҷамъияти мазкур дар майдони умумии 895 гектар доман густурдааст, ки аз ҷумла 685 гектари онро кӯлу ҳавзҳо ташкил дода, барои парвариши моҳии молӣ равона шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо аз намоишгоҳи маҳсулоти моҳипарварон, ки аз гӯшти парҳезии моҳӣ омода шудаанд, дидан карда, бо дастгоҳ ва дигар лавозимоти зарурии моҳипарварон шинос гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷо 42 гектар кӯл барои модармоҳӣ ва 60 гектар барои парвариши кирминамоҳӣ пешбинӣ шудааст.
Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо моҳипарварони Ҷамъияти саҳомии кушодаи парваришгоҳи «Моҳии хушзот» суҳбати самимӣ доир карда, онҳоро баҳри боз ҳам рушд бахшидани соҳа ҷалб намуданд.
Зикр гардид, ки дар кӯлу ҳавзҳои ин мавзеъ 10 миллион кирминамоҳӣ ва 300 ҳазор моҳии яксола барои истеҳсоли гӯшти моҳӣ парвариш меёбанд.
Танҳо дар кӯли рақами як иҷоракор Юлдош Ҳайитов дар 20 гектар се намуди моҳӣ: амури сафед, зағорамоҳӣ ва пешонапаҳнро ба миқдори 20 ҳазор дона парвариш карда истодааст.
Моҳҳои ноябр ва декабри соли 2017 иҷоракор мақсад дорад, ки 20 тонна моҳии истеҳсоли ноҳияро ба бозорҳои кишвар ба фурӯш барорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мактаби моҳипарварони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки бозорҳои мамлакатро бо гӯшти моҳӣ таъмин мекунад, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Зикр шуд, ки дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон 29 хоҷагии моҳипарварӣ фаъолият дошта, нақшаи истеҳсоли моҳӣ дар як сол 350 тоннаро ташкил медиҳад, ки моҳипарварон аз ин ҳам бештар истеҳсол менамоянд.
Моҳипарварон аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Парваришгоҳи моҳии хушзот» дар 7 моҳи соли ҷорӣ 61 тонна моҳӣ ба савдо бароварданд, ки метавонанд дар иҷрои Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гарданд.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июли соли 2008-ум барои рушди соҳаи моҳипарварӣ истеҳсоли моҳӣ дар хоҷагӣ бояд ба 650 тонна расонида шавад.
Хоҷагӣ дар ҳавзҳои худ парвариши кирминамоҳиро ба роҳ монда, баъдан онро дар ҳавзҳои хоҷагӣ нигоҳубин менамояд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки имрӯзҳо дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи парваришгоҳи «Моҳии хушзот» 40 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб мебошанд.
Дар вилояти Хатлон соли 2016-ум истеҳсоли моҳиро ба 1 ҳазору 524 тонна расониданд, ки ин 75 фисади дурнаморо ташкил медиҳад.
Моҳипарварони вилояти Хатлон ният доранд, ки соли 2017 истеҳсоли гӯшти моҳиро то ба 1 ҳазору 540 тонна боло бардоранд.
Зикр шуд, ки дар 7 моҳи соли равон истеҳсоли моҳӣ ба 341 тонна расонида шуд, ки 103 дарсади дурнаморо ташкил медиҳад.
Ба иттилои Ассотсиатсияи моҳипарварони вилояти Хатлон, баъди қабули барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ теъдоди хоҷагиҳо ба 190 адад расида, барои онҳо 1 ҳазору 940 гектар замин ҷудо шудааст ва сохтмони ҳавзу кӯлҳо ҷараён дорад.