Ба Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» баррасӣ шуд.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, зикр карданд, ки «дар ҷаласаи навбатии Шӯро ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти баъзе намудҳои маҳсулоти нафт», лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар масъалаҳо муҳокима шуданд».
Аз рӯи масъалаҳои баррасишуда раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Шариф Раҳимзода, Садриддин Шарипов ва дигар аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон андешаҳои худро иброз доштанд.
Таъкид гардид, ки ҳамаи масъалаҳои ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳодшуда барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ равона шудаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: