Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор оид ба сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти истифодаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва хизматрасонии фосилавӣ машварат гузаронида шуд.
Дар машварат доираи васеи сохторҳои давлатӣ, фаъолони ҷамоати шаҳраку деҳот, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, намояндагони ташкилоти буҷетӣ ва ғайрибуҷетии шаҳр иштирок доштанд.
Мудири филиали КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Сангвор Бахтовар Раҷабов иброз дошт, ки «ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз ҷониби кормандони «Амонатбонк» дар ноҳияи Сангвор дар шаш моҳи аввали сол дар байни аҳолии деҳот бо кормандони муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ ва корхонаву идораҳои ноҳия корҳои ташвиқотию тарғиботӣ гузаронида шуданд. Мақсад аз баргузории вохӯриҳо- баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолии шаҳраку деҳот, мутахассисону кормандони ташкилоту идораҳо, корхонаву муассисаҳо ва рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ мебошад.
Филиали КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Сангвор дорои ду маркази хизматрасонии бонкӣ, 20 POS-терминал дар марказҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии бонк мебошад. Бонки мазкур ба зиёда аз 4800 мизоҷ тариқи кортҳои пардохтӣ хизмат мерасонад, ки аз ин шумора 300 адади он корти фарогир мебошад. Дар самти ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ба шаҳрвандоне, ки кортҳои пардохтӣ доранд, тавассути замимабарномаи «Амонатмобайл», барномаи «Фронт-офис» ва барномаи «Интернетбонк» хизмат расонида мешавад. Ҳамчунин мувофиқи нақша ба сокинони ноҳия 1500 корти фарогир тақсим карда мешавад.
Шаҳрвандоне, ки корти фарогир надоранд, онҳоро низ мутахассисони бонк мувофиқи хоҳишашон бо корт таъмин карда истодаанд. Дар айни замон беш аз 67 фоизи аҳолии ноҳияи Сангвор бо ин гуна кортҳо таъмин мебошанд.
Ҳамин аст, ки дар шаш моҳи соли 2023 дар филиали «Амонатбонк»-и ноҳия зиёда аз 4 миллиону 500 ҳазор сомонӣ пардохтҳо тариқи ғайринақдӣ анҷом дода шудаанд.