Имрӯзҳо аз ҷониби ҳамватанони дар Федератсияи Россия будаамон, ки дар он ҷо паи илмомӯзиву фаъолияти корӣ мебошанд, Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилонаву сарҷамъона мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дорад. Донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи политехникии шаҳри Комсомоли лаби Амури кишвари Хабаровск, ки тариқи квотаи президентӣ ба донишгоҳи мазкур дохил гардидаанд, аз суханҳои созандаву ободкоронаи Сарвари давлати тоҷикон ва пешниҳоди Пешвои миллат дар мавриди Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 рӯҳбаланд гардиданд. Дар ҷамъомади тантанавӣ нуктаҳои Паёми Пешвои миллат оид ба дастовардҳову дурнамои тамоми самтҳои иқтисодиву иҷтимоии кишварамон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Донишҷӯён Акрам Мирзоев, Сайфуллои Иноят, Муборакшо Азизшоев ва чанде дигарон бо ифтихору сарбаландӣ аз ободиҳову пешравиҳои Ватан ёдрас шуда, изҳор карданд, ки дар ҷавоб ба ин дастгириву боварии Сарвари давлат ҳамаҷониба кӯшиш мекунанд бо донишу рафтори намунавӣ номбардори миллату Ватани хеш гарданд. Онҳо ният доранд донишу илми омӯхтаашонро барои рушди минбаъдаи Тоҷикистон сарф намоянд.
Зимни вохӯрӣ раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Комсомоли лаби Амури ФР Қосим Абдуллоев донишҷӯёни тоҷикро ба якдиливу сарҷамъӣ ва дӯст доштани Ватану миллати хеш даъват кард.
АМИТ «Ховар»