Рӯзи Президент бо силсилабарномаҳои фарҳангию варзишӣ ҷашн гирифта мешавад

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузаронидани силсилабарномаҳои фарҳангӣ ва варзишӣ аз 12-то 16-уми ноябри соли равон ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин рӯзҳо омода ва пахш намудани барномаҳои махсуси телевизионӣ, мусоҳиба бо таърихнигорону сиёсатшиносон, баргузории суҳбатҳои телевизионӣ бо иштироки олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар мавзӯи «Нақши Президент дар бунёди давлати миллӣ», инъикоси чорабиниҳо ва чопи мақолаҳо вобаста ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили намоиши асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории суҳбати «мизи мудаввар» бо иштироки сиёсатмадорон ва шоирону нависандагон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи шаҳрии ба номи А.Лоҳутӣ, барномаҳои фарҳангӣ дар Амфитеатр ва мусобиқаҳо оид ба варзиши сабук, шиноварӣ, волейбол, баскетбол, футболи хурд ва гӯштини миллӣ дар назар дошта шудаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: