Дар ноҳияи Нуробод Форуми занони соҳибкор баргузор гардид

Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Нуробод бо  иштироки занони соҳибкори шаҳру ноҳияҳои Нуробод, Файзобод, Роғун, Сангвор, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш дар доираи амалисозии лоиҳаи «Беҳсозии якҷояи ҳифзи сиҳатӣ ва макони зист» Форуми занони соҳибкори минтақаи Рашт баргузор гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Нуробод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Форуми мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Нуробод, дастгирии Фонди Оғохон дар Тоҷикистон ва  маблағгузори  Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ  дар минтақаи Рашт баргузор гардид.

Форуми занони соҳибкори минтақаи Рашт бо мақсади ба ҳам овардани сокинони  минтақа, таҳкими ваҳдату дӯстӣ байни ноҳияҳо, ривоҷу равнақи соҳибкорӣ миёни занону бонувон ва дар ин замина, баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардум гузаронида шуд.

Ҳамчунин зимни баргузории ҳамоиш ҳунарҳои занону бонувони ноҳияҳои минтақаи Рашт ва маҳсули дасти онҳо ба намоиш ва фурӯш гузошта шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: