Корзори ёдбуди вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ ба муносибати 80-солагии оғози Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945

80 сол пеш – 22 июни соли 1941 бо ҳуҷуми ногаҳонии артиши Олмони гитлерӣ Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар медиҳад, ба муносибати он рӯзи фаромӯшнашаванда бо ташаббуси раёсати Беларус дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҳамчун нишони хотира ва эҳтиром ба ҳама қаҳрамонони маълум ва номаълум — муҳофизони Ватан дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори ИДМ дар як муроҷиати видеоии махсус ширкат намуда, порае аз асареро ба забони давлатӣ қироат карданд.

Вазири  корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сироҷиддин Муҳриддин дар ин муроҷиати видеоӣ пораеро аз шеъри «Ман ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар»-и Ҳабиб Юсуфӣ қироат намуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: