Дар Суғд ҳамкории муштарак дар соҳаи саноати сабук ва коркарди пахта миёни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд

5 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо директори генералии ҶДММ «Пахтакор Голд Текстил»-и Ҷумҳурии Узбекистон Меҳриддин Юсупов мулоқот намуд, ки зимни он ҷонибҳо оид ба роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаи саноати сабук ва коркарди пахта мубодилаи афкор намуданд, иттилоъ дод котиби хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Музаффар Юнусов ба АМИТ «Ховар».

«Тавассути сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкории дуҷонибаи давлатҳои дӯсту бародар тавсеа ёфта, робитаҳо дар бахшҳои мухталиф тақвият меёбанд. Аз ҷумла, дар соҳаи саноат низ ҳамкорӣ ба роҳ монда шуда, соҳибкорони тоҷику узбек то имрӯз аллакай чанд корхонаи муштарак фаъол намуданд»,- иброз намуд  Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот бо Меҳриддин Юсупов.

Мавсуф вобаста ба имконияти вилоят дар самти истеҳсолу коркарди пахта маълумот дода, изҳор дошт, ки ҷонибҳо метавонанд дар ин ҷода корҳои назаррас амалӣ созанд. Соҳибкорони узбек дар навбати худ доир ба фаъолияти корхонаи «Пахтакор Голд Текстил», ки яке аз корхонаҳои муваффақ аст, маълумот дода, омодагии худро барои амалисозии тарҳҳои муштарак баён доштанд.

Ёдовар мешавем, ки дар мулоқот Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир низ ҳузур дошт.

АМИТ «Ховар»

Tags: