Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бунёди 5 корхона бо 102 ҷойи кор дар назар аст

Давоми соли 2021 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бунёди 5 корхона бо 102 ҷойи кор ба нақша гирифта шуда, то имрӯз аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ 2 корхона фаъол гардидааст. Ин матлабро иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Тоҳир Қудратзода зимни нишасти матбуотии ин мақомот баён намуд.

Дар маҷмӯъ, дар шашмоҳаи аввали соли 2021 аз тарафи корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 116 млн. 930 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 млн. 858,3 ҳазор сомонӣ зиёд буда, сурьати афзоиши он 104 фоизро ташкил дод.

Зикр гардид, ки корхонаҳои навтаьсис асосан ба истеҳсоли хишти пухта, обҳои ташнагишикан, маҳсулоти қаннодӣ ва дӯзандагӣ машғуланд.

Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ Ховар Абдуаҳад Шарифзода, зимни нишаст зикр шуд, ки давоми шашмоҳаи аввали имсол ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 247 млн. 824,3 ҳазор сомонӣ расонида шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 млн 375,3 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Тоҳир Қудратзода дар бораи корҳои омодагӣ  ба таҷлили ҷашни  30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ  дода, аз ҷумла гуфт, ки  аз 394 банди нақшаи чорабиниҳо оид ба сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни миллӣ 355 банд ба маблағи умумии 164 млн 907 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шудаанд. Дар натиҷа 145 иншоот ба истифода дода ва зиёда аз 834 ҷойи кори нав таьсис шудааст.

Вобаста ба самти ободонии роҳҳо гуфта шуд, ки соли 2021 дар ноҳия таъмири 86 км роҳҳо ба нақша гирифта шудааст. То 1 июл дар масоҳати 3,8 км таьмири асосӣ, 22 км таьмири ҷорӣ ва 41 км корҳои шағалпӯшкунӣ иҷро гардидаанд, ки ба 78% нақша баробар аст.

АМИТ Ховар

Tags: