Дар доираи сафари кории худ ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зиндагӣ ва кору фаъолияти сокинони деҳаи навбунёди Раҳмонобод шинос шуд.
Ёдовар мешавем, ки 6-7 июли соли 2015 дар ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон бо сабаби боришоти зиёди пай дар пай омадани сел ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа манзили зисти 82 оилаи деҳаи Барсем корношоям гаштанд.
Дар таърихи 29 июли соли 2015 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон ба маҳалли аз офати табиӣ зарардида омада, бо рафти корҳо аз наздик шинос шуд. Дар рафти суҳбат бо мардуми зарардида аз мушкилоти эшон хабардор гашта ба вазорату идораҳои дахлдор баҳри бароварда кардани мушкилии зарардидагон дастуру супоришҳои мушшахас дод, ки то ба имрӯз ҳамаи он иҷро гашт.
Имрӯз 82 хонаводаи аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Барсем дар хонаҳои нав, дар маҳаллаи Питовдашт, ки дар муҳлати кӯтоҳ деҳаи зебое қомат афрохт, истиқомат мекунанд. Маблағи умумии хароҷотшуда барои бунёди 82 манзили зист 2 миллиону 400 ҳазор сомониро дар бар мегирад.
Пешвои миллат зимни боздид аз манзилҳои навбунёд, ба сатҳу сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иброз дошт, ки коре, ки имрӯз аз ҷониби ширкатҳои сохтмонӣ, идораву корхонаҳои давлатӣ ва соҳибкорон анҷом дода шудааст фоли нек мебошад. Нерӯи созандаи мардум, дӯстиву бародарӣ ва дастгирии якдигарӣ, аз сарҷамъиву ваҳдати тоҷикистониён шаҳодат медиҳад маҳз чунин дӯстӣ буд, ки мардуми аз офати табии зарардида худро танҳо ҳис накарданд ва саривақт бо ашёи лозима ва манзили зист таъмин гаштанд.
Дар шаҳрак ғайр аз манзилҳои истиқоматӣ, иншооти маишӣ низ бунёд ёфтаанд. Барои таъмини деҳа бо оби ошомиданӣ дар чуқурии 40 - 50 метр чоҳ канда ва қубурҳои интиқоли об ба шаҳрак насб шудаанд, ки маблағи умумии он 173 ҳазор сомониро дар бар мегирад. Бунёди Муассисаи таълимӣ барои 240 ҷои нишаст имкон додаст, ки муҳасилини ин деҳаи навбунёд таълими мактабиро дар наздикии манзили зисти худ гиранд. Қомат афрохтани Маркази саломатии шаҳрак ва бо кадрҳои соҳавӣ таъмин гардидани он имкон медиҳад, ки саломатии сокинони деҳа саривақт ва бо сифати баланд таъмин карда шаванд.
Дар робита ба дастгириҳои давлату Ҳукумат мардуми деҳаи Раҳмонобод изҳори миннатдорӣ намуда, ин ғамхориҳоро ба сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат маънидод мекунанд. Сокинони деҳа иброз доштанд, ки дастгириву ғамхории давлат барои мардум зиёд аст, бахусус он таваҷҷуҳ ва дастгирие, ки нисбати мардуми аз офати табиӣ зарардида зоҳир гардид, қиёснашаванда аст.
Бояд гуфт, ки дастгирии давлат ва ғамхории бевоситаи Президенти кишвар нисбати мардуми аз офати табиӣ зарардидаи Бадахшон беназир аст. Дар муддати кӯтоҳ эъмори деҳаи нав аз неруи созанда ва зарфияти муқтадири давлат, сиёсати хирадмандонаи сарвари он, ваҳдату сарҷамъии тоҷикистониён шаҳодат медиҳад.
Баъди шиносоии пурра аз зиндагии сокинон дар манзилҳои нави истиқоматӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинон ва фаъолони деҳа мулоқоту суҳбати самимӣ доир кард.