Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти шаҳрванд З.А. хабар медиҳад, ки бо роҳи қочоқ ва бидуни назорати гумрукӣ ба мамлакат маводи сӯзишворӣ ворид намудааст.
Ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, номбурда 23 январ дар ҳудуди вилояти Бодкенти Ҷумҳурии Қирғизистон аз «Ҷ» ном шаҳрванди ин мамлакат 8 ҳазору 959 литр сӯзишвории дизелии тамғаи «Дт-Л-40»-ро харидорӣ намуда, ба воситаи мошини боркаш онро бо роҳи қочоқ ва бидуни назорати гумрукӣ ба ҳудуди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудааст.
«Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамон рӯз мошини мазкур дар шаҳри Истаравшан боздошт карда шуд», — афзуд манбуд.
Муайян гардид, ки шаҳрванд З.А. 21-22 январ бо ҳамин роҳ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ба миқдори 26 ҳазору 877 литр сӯзишвории дизелӣ ворид намудааст.
Тибқи хулосаи мутахассисон, арзиши умумии сӯзишвории дизелии бо роҳи қочоқ вориднамудаи номбурда 188 ҳазору 139 сомониро ташкил медиҳад.
«Оид ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба З.А. бо моддаи 289, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷинояти оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад»,- афзуд манбаъ.
АМИТ «Ховар»