Дар Лондон бо ибтикори Сафорат ва дар ҳамкорӣ бо Палатаи тиҷорати Тоҷикистон ва Британия ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мақсади асосии баргузор намудани ҳамоиш ҳамаҷониба муаррифӣ намудани имкониятҳои сармоягузорӣ ба мамлакатамон буда, аз ҷумла маълумоти пурра оид ба санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, низоми андоз, имтиёзҳои махсус барои сармоягузорон ва шароити бурдани тиҷорат дар Тоҷикистон манзури иштирокчиён гардид.
Дар ҳамоиш Сафири Тоҷикистон дар Британияи Кабир Масуд Халифазода суханронӣ намуда, оид ба имкониятҳои ҳамкорӣ дар самтҳои авлавиятнок байни ду кишвар, лоиҳаҳои сармоягузорӣ, иқтидори гидроэнергетикии мамлакат, саноат, маъданҳои фоиданок ва соҳаи кишоварзӣ изҳори назар кард.
Дар ҳамоиши мазкур намояндагони сохторҳои давлатии кишвари маҳалли иқомат, ҳайати дипломатии муқими Британияи Кабир, созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои сармоягузор, намояндагони Палатаи тиҷорати Тоҷикистону Британия ва дигарон ширкат варзиданд.
Дар ҳамоиш эълон шуд, ки 23 апрели соли 2020 дар Лондон Форуми якуми тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ байни Британияи Кабир ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад гардид.
АМИТ «Ховар»