Варзишгарони тоҷик аз Кореяи Ҷанубӣ бо 4 медал баргаштанд

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқа барои “Ҷоми раиси  Федератсияи байналмилалии самбо”,  ки аз 2 то 3 сентябр дар шаҳри Донҳэи Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, дар рақобатҳо оид ба самбои размӣ ва самбои варзишӣ чаҳор медал — як тилло, як нуқра ва ду биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар ин бора  сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо хабар медиҳад. Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки бо ибтикори Федератсияи самбои Кореяи Ҷанубӣ ва дастгирии Федератсияи байналмилалии самбо бори сеюм барпо гардид, Тоҷикистонро се варзишгар – Разавӣ Навбаҳоров, Шаҳром Шералов ва Алиҷон Ҳусайнов намояндагӣ карданд.

Разавӣ Навбаҳоров соҳиби ду медал – як тилло ва як биринҷӣ гардид. Ӯ дар сабқати самбои размӣ дар вазни -57 кило дар қувваозмоии ниҳоӣ бар варзишгари  муғул Баяарсайхан Мунхбатар дастболо шуд ва бо медали тилло сарфароз гашт. Медали дуюмро, ки биринҷӣ аст, Навбаҳоров дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни зери 57 кило ба даст овард.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Шаҳром Шералов дар сабқати самбои размӣ дар вазни -68 кило баъди пирӯзӣ бар рақибаш Ҷинсук Ҷунги кореягӣ ба финал баромад, вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз паҳлавони россиягӣ Николай Ковтун мағлуб шуд ва сазовори медали нуқра шуд.

Алиҷон Ҳусайнов низ дар рақобатҳо оид ба самбои размӣ дар вазни -68 кило ширкат кард ва медали биринҷӣ ба даст овард. Инчунин ӯ дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни -74 кило мақоми панҷумро касб намуд.

Дар мусобиқаи мазкур беш аз 120 варзишгар аз Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Малайзия, Муғулистон, Непал, Руминия, Россия, Тайван, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Ҷопон иштирок дошт.

Ба ғолибон ва онҳое, ки ҷойҳои дуюму сеюмро соҳиб шуданд, ба ҷуз медалу диплом, ҷоизаи молӣ ба маблағи 500 доллар (ҷойи аввал), 300 доллар (ҷойи дуюм) ва 100 доллар (ҷойи сеюм) супурда шуд.

Tags: