Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: аз сафар бо роҳҳои кӯҳӣ муваққатан худдорӣ намоед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба боришоти барфу борони  пай дар пайи рӯзҳои охир ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки аз сафар бо роҳҳои кӯҳӣ муваққатан худдорӣ намоянд.

Ба иттилои манбаъ, боришоти барфу борон дар минтақаҳои мухталифи мамлакат  ҳамоно идома дорад.

«Хатари лағжиши тарма ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ рафъ нашудааст. Мутаассифона, на ҳамаи сокинон ба ҳушдорҳои пайваста гӯш медиҳанд. Ҳамоно барои ҷамъоварии ҳезум ё шикор рафта, ҷони худро дар хатар мегузоранд», — илова намуд манбаъ.

Кумита ҳушдор медиҳад, ки 20 январ дар мамлакат ҳаво сербориш шуда, борону барфи омехта метавонад ҳаракати нақлиётро дар роҳҳои кӯҳӣ мушкилтар созад.

«Аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки ҳамаи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо, аз ҷумла дар чунин рӯзҳоро риоя кунанд ва ҷони худу ҳамроҳонашонро дар хатар нагузоранд. Ронандагонро зарур аст, ки дар минтақаҳои тармафаро то 500 метр масофаро риоя кунанд»,- хабар дод манбаъ.

АМИТ «Ховар»

Tags: