Дар Ҳисор хатсайри нави сайёҳӣ ташкил гардид

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи Солҳои рушди  деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Ҳисор хатсайрҳои нави сайёҳӣ  кушода  шуданд, ки барои ҷалби сайёҳон ва таҳкими ғановати сайёҳӣ равона гардидаанд. Аз хатсайри нав сайёҳони дохилию хориҷӣ метавонанд дидан намоянд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, бахши рушди сайёҳии шаҳри Ҳисор чанд мавзеи таърихию фарҳангӣ ва табиию экологиро ба ин хатсайрҳои нав ворид намуд. Чилчашмаи Чилтанҳо, яке аз мавзеъҳои сайёҳӣ дар хатсайри нав ба ҳисоб меравад, ки дар деҳаи Хоҷачилдиёри боло дар баландии 1 500 метр аз сатҳи баҳр дар доманаии силсилакӯҳҳои Ҳисор воқеъ мебошад.

Бино ба сарчашмаҳои таърихӣ, ин мавзеъ куҳанбунёд буда, таърихаш ба давраи давлатдории Кӯшониён рост меояд. Номи (топоними) «Хоҷачилдиёр» вожаи суғдӣ буда, маънояш диёри сарҳадӣ ё канорӣ мебошад.

Дар ин мавзеъ чашма ҳаст, ки оби чашма хусусияти шифобахшӣ дошта, ба бемориҳои бисёре дармонбахш мебошад.  Дар Чилчашмаи Чилтанҳо чиллахона, чилтанҳо ва меҳмонхона низ мавҷуд мебошад.  Инчунин дар мавзеи мазкур чанористонҳо мавҷуданд, ки таърихи  чорҳазорсола доранд.

Мавзеи дигар масҷиди кӯҳна ба ҳисоб меравад, ки дар қисмати шимолии деҳаи Тӯда қарор дорад.  Ин масҷид мавзеи таърихӣ буда, тибқи гуфтаҳои мардум ва навиштаҷоти дар болои масҷид сабтгардида, он соли 1313-и ҳиҷрӣ бунёд гардидааст, ки  ба соли 1898-и мелодӣ рост меояд.

Сайёҳони дохилию хориҷӣ бо дидани ин мавзеъҳои таърихию экологӣ ғизои маънавӣ гирифта, таассуроти худро бештар месозанд. Барои пазироӣ ва истироҳати сайёҳон тамоми шароит муҳайё гардонида шудааст.

Ёдовар бояд шуд, ки  шаҳри Ҳисор яке аз минтақаҳои таърихии мамлакат буда, дорои ёдгориҳои таърихӣ, манзараҳои дилфиреб ва иқлими мусоид мебошад. Ҳамзамон меваҳои шаҳдбори Ҳисор, аз қабили ангур, гелос, шафтолу, олу ва монанди инҳо истироҳати сайёҳонро рангин хоҳанд намуд.

Ҳисор 20 км дар ғарби шаҳри Душанбе воқеъ аст. Дар шаҳри Ҳисор айни ҳол 7 хатсайри сайёҳӣ мавҷуд мебошад, ки мавзеи таърихию фарҳангии “Қалъаи Ҳисор” ва истироҳатгоҳи «Шоҳамбарӣ» аз муҳимтарини онҳо ба ҳисоб рафта, ҳамасола шумораи зиёди сайёҳони дохилию хориҷӣ аз онҳо дидан мекунанд. Бо  ташкили ду хатсайри нави сайёҳӣ дар ин водӣ шумораи гардишгарон боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт.

АМИТ «Ховар»

Tags: