Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Рамазон Раҳимзода бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия, ки бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барномаҳои идона бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд, мулоқот анҷом дод.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ ҳозиринро бо вазъи сиёсии дохили кишвар, минтақа ва ҷаҳон огоҳ намуда, аз хатарҳои ба давлати мо таҳдидкунанда ҳушдор дод. Аз намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон даъват ба амал оварда шуд, ки дар минтақаҳои фаъолияташон, ки шумораи зиёди шаҳрвандони тоҷик дар он ҷойҳо ба меҳнат машғул ҳастанд, сиёсати Ҳукумати Тоҷикистонро дуруст фаҳмонида, аз гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва экстремистию террористӣ ҷилавгирӣ намоянд.
Ба иттилои манбаъ, меҳмонон аз даъвати Ҳукумати Тоҷикистон ба ин намоиши идона ва дастгирию ғамхории пайвастаи давлату Ҳукумат изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид намуданд, ки пайваста бо ниҳодҳои давлатӣ дар ҳамкорӣ қарор доранд ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ менамоянд.
АМИТ "Ховар"