Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Калтачанори ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон

Субҳи 6 августи соли 2019Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллатПрезиденти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёникорҳои бунёдкорию созандагӣифтитоҳи як зумра иншооти таъйинотигунногуноғози корҳои сохтмонӣ дар иншооти дигар ва мулоқот босокинону фаъолон ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ташрифоварданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар деҳаи хушманзараи Калтачанори ноҳия роҳбарият, фаъолон ва намояндагони ҷавонону аҳли фарҳанг бо самимияти беандоза ва рӯҳияи болида истиқбол намуданд.

Мавриди таъкид аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо ҷаҳду талоши созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Балҷувон ба дастовардҳои беназир ноил гардида, сатҳу сифати зиндагии сокинонаш беҳтар гардид.

Истиқболи самимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сокинони ноҳия далели пуштибонии комили онҳо аз сиёсати созандагию ободонии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат мебошад.

АМИТ «Ховар»

Tags: