Дар Ҳисор Дастгоҳи радиолокатсионӣ-радарии муосир бо тамғаи ДМРЛ-С-5 доплерӣ ба истифода дода шуд

Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар ҳудуди яке аз ҷамоатҳои шаҳри Ҳисор маросими ифтитоҳи Дастгоҳи радиолокатсионӣ-радарии муосир бо тамғаи ДМРЛ-С-5 доплерӣ барои Хадамоти зиддижолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмири иншооти ёрирасон баргузор гардид.

Дар маросими мазкур Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода, раисони якчанд шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иброз намуд, ки “муайян ва пешгирӣ кардани ҳодисаҳои зиддижола имрӯз яке аз мушкилии  ҷиддӣ ба ҳисоб меравад. Мо ҳамасола шоҳиди он ҳастем, ки бар асари офатҳои табиӣ ҳазорҳо гектар замин шуста мешаванд. Коре, ки имрӯз ба анҷом расонида шуд, на танҳо барои Тоҷикистон, балки давлатҳои ҳамсоя низ хеле муҳим ва зарурӣ мебошад”.

-Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи хатарнок қарор дорад ва ҳамарӯза ягон ҳодисаи фавқулода ба қайд гирифта мешавад. Аз ин рӯ пешгӯӣ, пешгирӣ ва муайян кардани ҳолатҳои фавқулода дар минтақа бисёр зарур мебошад,- афзуд Қ. Расулзода.

Дастгоҳи радиолокатсионӣ дар Низоми пешгӯӣ ва пешгирии омилҳои хавфноки метеорологӣ иншооти муҳим ба ҳисоб рафта, ба ҳифзи киштзор, боғу ток ва дигар зироат аз бориши жола равона гардидааст.

Таҷҳизоти мазкур дорои имконияти васеъ буда, назорати масофаи заруриро дар масоҳати 250 км таъмин ва бо реҷаи фаврӣ маълумотро қабул ва ирсол мекунад. Дар баробари ин, ҳаҷми ҷамъшавии барф, яхпораҳо, инчунин ҳаҷм, шакл, намуди абр, пайдарпайӣ ва навъи бориш, мавҷудияти жола ва ҳаҷми гуногунии онро муайян менамояд. Он метавонад шиддати боришро муайян кунад, ки дар асоси он  мутахассисони соҳавӣ имкон доранд мавзеъҳои баамалойии ҷараёнҳои сел, ярч, жола ва шамолҳои сахтро пешгӯӣ намоянд.

Ба гуфтаи сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат Умеда Юсуфӣ, аз фаъолияти Дастгоҳи радиолокатсионии ҳозиразамони Хадамоти зиддижола  мутахассисони Вазорати кишоварзии мамлакат, Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” ва дигар мақомоту идораҳои дахлдору созмонҳои байналмилалӣ  метавонанд дар фаъолияти худ истифода намоянд.

Мувофиқи корҳои мавсимӣ, соли равон майдони 609 ҳазор гектар заминҳои кишоварзии хоҷагиҳои  водии Ҳисор ва водии Вахш аз офатҳои табиӣ- бориши жола ҳифз карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дастгоҳи мазкур дар доираи амалишавии Лоиҳаи миллии идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ, ки аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд маблағгузорӣ мешавад, харидорӣ шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: