Дар Қазоқистон ҷараёни овоздиҳии шаҳрвандони Тоҷикистон идома дорад

Дар участкаи интихоботии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Ҷумҳурии Қазоқистон  овоздиҳии  шаҳрвандони Тоҷикистон  барои интихоби вакилони даъвати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Тавре аз Сафорати мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд,  маъракаи овоздиҳии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қазоқистон  аз соати 8.00 то 20.00 бо вақти маҳаллӣ, дар бинои Сафорат, воқеъ дар шаҳри Нур-Султон, маҳаллаи Чубари, кӯчаи Қарасақал Еримбет №15 ва бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмато, маҳаллаи Баганашил, кӯчаи Санаторная 16  сурат мегирад.

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар маъракаи муҳими сиёсии Ватан — вакилони даъвати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат  намуда истодаанд. Онҳо зикр намуданд, ки дар ин рӯзи барои сарзаминашон тақдирсоз онҳо бетараф нестанд, зеро Ватанро бо ҷону дил дӯст медоранд.

АМИТ «Ховар»

Tags: