16 марти соли равон Сумангул Тағойзода, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамоҳангсози доимии СММ ва намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пратиба Мета масъалаҳои марбут ба самтҳои фаъолияти вазорат, аз ҷумла, муносибатҳои меҳнатӣ, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот тарафҳо бо мақсади таҳким ва рушди ҳамкории минбаъда масъалаҳои таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаи барномаҳои вобаста ба паст намудани шуғли ғайрирасмӣ, бақайдгирии электронии шартномаҳои коллективию меҳнатӣ ва омўзиши бозорҳои меҳнати дигар давлатҳоро муҳокима намуданд.
АМИТ «Ховар»