Бахшида ба 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои нави 24-ҳуҷрадори истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ, кормандони соҳаи тандурустӣ, маориф ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар маросими расман ба истифода додани бинои мазкур раиси ВМКБ Ёдгор Файзов зикр кард, ки «сол то сол сатҳ ва шароити кору зиндагии кормандони давлатӣ беҳтар мегардад. Фароҳам овардани шароити хуби кор ва зиндагӣ ба фаъолияти пурсамари кормандон мусоидат менамояд. Хукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош меварзанд, ки кормандон ва аҳли оилаи онҳо, пеш аз ҳама, бо манзили зист таъмин гарданд. Бо ин мақсад дар мамлакат сохтмони биноҳои истиқоматӣ барои кормандони давлатӣ меафзояд».
Сипас Ёдгор Файзов ба кормандон калиди хонаҳои истиқоматӣ супорида, онҳоро табрик гуфт.
Хизматиёни давлатӣ, кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки соҳиби манзили зист гардиданд, изҳори шодмонӣ мекарданд ва барои чунин дастгириву ғамхориҳои беназир ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосу миннатдорӣ баён намуданд. Онҳо иброз доштанд, ки бар ивази ин ғамхориҳо ба Ватан ва халқ содиқона хизмат мекунанд.
АМИТ «Ховар»