Имрӯз дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба теннис байни ҷавонони солҳои таваллудашон 2002, 2004 ва 2005, ки 19 октябр бо иштироки ҳайати дастаҳои ғолиб аз минтақаҳои ҷумҳурӣ оғоз шуда буд, анҷом меёбад. Дар ин бора котиби матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Салимзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, марҳилаи аввали мусобиқаи мазкур 21 сентябр дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои мамлакат доир гардида буд.
Дар мусобиқаи мазкур 54 нафар варзишгарони мамлакат аз 4 минтақаи Тоҷикистон барои дарёфти мақомҳои ифтихорӣ миёни ҳам рақобат доранд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар ҷамъбасти мусобиқа ғолибон бо диплом ва медалҳои кумитаи тадорукот сарфароз гардонида мешаванд.
АМИТ «Ховар»