Шурӯъ аз 1 апрел дар Душанбе силсилабарномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ доир мегарданд

Бахшида ба Соли ҷавонон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои олии таълимӣ шурӯъ аз 1 апрели соли равон дар боғҳои «Ирам», «Рўдакӣ», «Парчами давлатӣ», «Нишони давлатӣ» ва «Дўстӣ»-и шаҳри Душанбе ҳар ҳафта дар рўзҳои истироҳатӣ то охири сол силсилабарномаҳои фарҳангиро баҳри ғанӣ гардонидани маънавиёти сокинони пойтахт ва таъмини истироҳату саёҳати онҳо, махсусан ҷавонон баргузор менамояд.
Дар ин бора Шералӣ Азимӣ, корманди Маркази матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» хабар додааст.
Дар баробари дигар тадбирҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, гўшаи туристӣ барои дўстдорони сайру саёҳат ва намоиши маҳсули ҳунармандони ҷумҳурӣ, аз ҷумла армуғонҳо барои сайёҳон пешниҳод карда мешаванд.
Ҳадафи аслии тадбирҳо- мусоидат намудан ба устувории рушди туризм, муаррифии имкониятҳои туризми дохилӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, ҷалби таваҷҷуҳи доираи васеи мардум ба соҳаи сайёҳӣ, фаъол гардонидани хатсайрҳои туристӣ, дарёфти истеъдодҳои нав, чеҳраҳои ҷавон ва ба ин васила, тақвият додани ҳисси ватандўстиву худшиносии миллӣ, бедор намудани ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди ҷавонон арзёбӣ мегардад.

Tags: