Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҷавонон»-и шаҳри Душанбе вохӯрии масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо фаъолон ва сокинони касбу кори гуногуни шаҳри Душанбе доир гардид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, ҳадаф аз мулоқоти мазкур таблиғи тарзи ҳаёти солим миёни аҳолӣ, бахусус ҷавонон, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва беҳдошти вазъи сиҳатии омма мебошад.
Дар мулоқот зикр гардид, ки ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Он пайваста дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти шаҳр қарор дошта, баҳри беҳдошти сиҳатии омма ва пешгирии бемориҳо барномаҳои зиёди давлатӣ қабул ва роҳандозӣ гардида истодаанд.
Тавре зикр гардид, ҷиҳати пешгирии касалиҳои сироятӣ барномаҳои миллии муқовимат барои солҳои 2005–2010, баъдан барои солҳои 2011-2015 ва ахиран барномаи навбатӣ барои солҳои 2017–2020 қабул гардидаанд, ки ин далел аз ғамхории доимии давлату ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба сокинони мамлакат дар роҳи пешгирӣ ва табобати ин гуна маризиҳо мебошад.
Иштирокдорони мулоқот таъкид намуданд, ки имрӯзҳо на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар саросари ҷумҳурӣ дар самти табобат ва муолиҷаи беморон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Ба иттилои масъулин, бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла, вируси норасоии масунияти одам дар байни аҳолии шаҳри Душанбе, бахусус ҷавонони синну соли никоҳӣ ва донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи махсус ва миёнаи умумӣ аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуда, дар асоси нақшаи чорабиниҳои алоҳида дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ силсилачорабиниҳои мухталифи оммавӣ-варзишӣ, пешгирикунанда, илмӣ-назариявӣ доир мешаванд.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки соли 2017 бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияҳои пойтахт беш аз 70 майдончаҳои варзишӣ ба истифода дода шуданд, ки ин далели ғамхории Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нисбат ба солимии ҷомеа мебошад.
Бо мақсади беҳдошти саломатии наврасону ҷавонон, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз ҳар гуна омилҳои номатлуб соли равон дар шаҳри Душанбе боз 92 майдончаи дигари варзишӣ ба истифода дода мешавад.
АМИТ "ХОВАР"