«Ҳамарӯза ба Хадамоти муҳоҷират аз 250 то 300 нафар шаҳрвандони кишвар барои гузаронидани санҷиши шиносномаҳои хориҷӣ аз рӯйхати мамнуъшудагон муроҷиат менамоянд»,-иброз дошт Муқим Ниёзов, муовини якуми сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси ҳайати мушовара оид ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират дар нуҳ моҳи соли равон.
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки самти асосӣ ва афзалиятноки фаъолияти Хадамоти муҳоҷират — ин қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Зикр гардид, ки Хадамоти муҳоҷират якҷоя бо Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 2066 нафар шаҳрвандони кишварро, ки воридшавиашон ба қаламрави Русия муваққатан манъ аст, дар дохили кишвар бо кори доимӣ таъмин намуданд.