Дар Душанбе машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Ҳиндустон доир шуданд

Таҳти раҳбарии муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Суҷата Меҳта 17 ноябр дар Душанбе машваратҳои сиёсии дуҷониба баргузор шуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни машваратҳо доираи васеи муносибатҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон ва ҳамкории минбаъдаи ду кишвар дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуданд.
«Дар машваратҳо атрофи масъалаҳои таъмини амният ва рушди устувори минтақа, мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ ва инчунин рӯзномаи Конфронси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштироккунандаи «Қалби Осиё/ Раванди Истанбул» оид ба Афғонистон, ки 3-4 декабри соли 2016 дар шаҳри Амритсари Ҳиндустон баргузор мешавад, табодули назар сурат гирифт»,-иттилоъ додааст манбаъ.

АМИТ «Ховар»

Tags: