Роҳбарияти бошгоҳи футболи «Истиқлол» рӯзи 10 июл бо тасмими худ ҳамаи мураббиёни дастаро ба истеъфо фиристодааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Ба ин тартиб, Мубин Эргашев — сармураббии дастаи «Истиқлол” ҳамроҳ бо ёваронаш аз вазифаашон барканор шудаанд. Ҳамакнун қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистонро ба нимаи дувуми мавсими имсолаи футбол ситоди нави мураббиён омода хоҳад кард.
Дар ин бора ба «Озодӣ” Рустам Ҳакимов, сухангӯи бошгоҳи футболи «Истиқлол”, рӯзи 11 июл хабар дод. Ӯ гуфт, ки номи сармураббии нави «Истиқлол» ва ёваронаш рӯзҳои наздиктарин эълон хоҳад шуд.
Дар мавсими имсолаи футбол «Истиқлол», қаҳрамони феълӣ ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2015, ки дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон 3 апрел дар Варзишгоҳи «Металлург”-и шаҳри Турсунзода бар «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти порсолаи қаҳрамонии кишвар, бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд, барои бори шашум Ҷоми олии Тоҷикистонро ба даст овард.
«Истиқлол” дар давраи аввали мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни тимҳои лигаи олӣ бо 23 имтиёз ғолиб шуд ва ҳоло ягона дастаест, ки бохт надорад.
Вале «Истиқлол” имсол дар сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) дар гурӯҳи «В” бо як имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шуд ва аз ҳаққи ширкат дар даври баъдии мусобиқот маҳрум гашт.
НИАТ «Ховар»