Ҷалби 4000 нафар ба ҷойи кор дар вилоияти Суғд

Бо мақсади бо ҷои кор таъмин намудани корҷӯён, шахсони бекор ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта, дар вилояти Суғд давоми соли гузашта  242 ярмаркаи ҷойҳои корӣ гузаронида шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иттилоъ доданд, зимни баргузории ин ярмаркаҳо  аз ҷониби 3 ҳазору 467 корхонаю ташкилоти ширкаткунанда 35 ҳазору 837 ҷойи кор пешниҳод гардида, тавассути он 3 849 нафар, аз ҷумла, 1 547 нафар корҷӯй бо кори доимӣ таъмин гашта, 1 960 нафар ба касбомўзӣ ва 342 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардиданд.

Дар маҷмӯъ, давоми соли 2017 дар вилояти Суғд дар доираи иҷрои «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  12 ҳазору 503 нафар шаҳрванд бо шуғли асосии доимӣ таъмин карда шуданд.

АМИТ "Ховар"